Аз марги овозхони хушадо Баҳром Ғафурӣ панҷ сол сипарӣ шуд.

Сарояндаи шинохта, нотакрор, маҳбуб ва хушсадову хушсимои санъати тоҷик Баҳром Ғафурӣ ҳафтуми августи соли 2020 тахминан соатҳои 3 ба 4 – и субҳ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, воқеъ дар назди бинои марказии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ба садамаи нақлиётӣ дучор гашта, ҷон ба ҷонофарин супорид.

Баҳром Ғафурӣ ҳамагӣ 44 сол умр дошт. Вай 29 – уми феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи риштаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз ӯ чор фарзанд нишона монданд.

Баҳром Ғафурӣ яке аз сарояндагони шинохта дар давоми 20 соли охир дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Таронаи аввалинаш бо номи “Парешон шудӣ, ай дил” аст, ки ӯ ҳангоми соли аввали таҳсилаш дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода сароида буд.

Баҳром Ғафурӣ дар байни мухлисон бо суруди “Муҳоҷирбача” ва “Орзу” машҳур гардида буд. Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш 19 албомро ба мухлисон эҳдо кардааст.

Чандин маротиба ба дарёфти ҷоизаҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” шарафёб гардида, солҳои 2011 ва 2014 ду маротиба ба ҷоизаи маъруфи амрикоии Big Music Awards соҳиб шудааст.

Солҳои охир дар бандубаст ва офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм мегузошт. Яке аз қаҳрамонҳои марказии филми овозадори “Сукут” ба ҳисоб мерафт. Филми охирине, ки Баҳром Ғафурӣ дар он нақш офарида буд, ин филми “Риё” буд, ки соли 2019 рӯйи пардаи синамо баромад.

Ёди зиндаёд Баҳром Ғафурӣ аз дида ба дилҳо рафт ва албатта, гуфтору амали некаш то абад дар хотираи пайвандону дӯстон ва мухлисони азизи бешумораш маъво мегирад.

Шервони Умриддин,

рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь