Умеди Ҷаҳон, овозхони маъруфи эронӣ дар 43-солагӣ аз олам гузашт. Ин сароянда, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводори зиёд дорад, пас аз консерт дар шаҳри Бами Эрон дучори сактаи қалб шуд.
Бино ба эълони мудири кулли фарҳанг ва иршоди шаҳри Кирмони Эрон, Умеди Ҷаҳон пас аз иштирок дар ҷашни “Хурмои Бам”, замоне, ки мехост ба мошин шинад, “дучори исти қалб шуда ва рӯзи шанбе, 13-уми сентябр даргузаштааст”.
Умеди Ҷаҳон дар соли 1982 дар шаҳри Ободони Эрон ба дунё омад. Вай фарзанди Маҳмуди Ҷаҳон аст, ки ӯ ҳам як сарояндаи шинохта дар Эрон ҳисобида мешуд.
Сурудҳои Умеди Ҷаҳон дар Тоҷикистон ҳам ҳаводорони зиёд дорад. Сароянда ба Тоҷикистон мунтазам рафтуомад дошт ва як муддат дар Тоҷикистон кору зиндагӣ намуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь