Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва тибқи дастуру супоришхои иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода имруз дар шаҳру деҳоти Исфара ҳашари ободонӣ бо иштироки васеи сокинон ва ҷомеаҳои меҳнатӣ гузаронида шуд.
Исфарагиён бо мақсади саҳмгирӣ дар раванди бунёдкориву созандагӣ ва ободонии маҳалли зисту фаъолият ба ҳашар баромада, дар ҷодаи ободонии худуди вобастакардашуда, тоза кардани наҳру ҷӯйборҳо, буридани шохҳои зиёдатии дарахтони қади роҳҳо, аз партов тоза кардани кӯчаву маҳаллаҳо, рӯбучин ва аз алафҳои бегона тоза намудани атрофи корхонаҳо, ҳамчунин оро додани кӯчаҳо бо лавҳаву навиштаҷотҳо саҳмгузорӣ намуданд.
Боиси қаноатмандист, ки дар ин чорабинӣ кормандони корхонаю ташкилотҳо, ва сокинони шаҳр бо дарки баланди масъулиятшиносию меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ ва меҳнатдӯстӣ саҳми худро гузоштанд.
Корҳои ободонӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар минтақаҳои шаҳр низ муташаккилона сурат гирифта, ширкатдорони маъракаи ободонū бо вусъати корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ тасмим гирифтаанд шаҳри Исфараро боз ҳам зеботар гардонанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь