22 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъро бо 21 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот барои тамрин ва бозии дастаҳои футболи ноҳия, баргузории мусобиқаҳо, тарғиби варзиш ва ҷалби ҷавонону наврасон ба футбол аз ҷониби “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.
Корҳои сохтмонӣ ҳанӯз соли 2017 оғоз гардида, бо харҷи наздики 69 млн. сомонӣ ба итмом расид. Дарозию паҳноии майдони футбол 105 ба 68 метр буда, дорои чамани табиист.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити варзишгоҳ бо ҳайати дастаи футболи “Ҳулбук”, ки ноҳияи Восеъро дар Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ намояндагӣ менамоянд, суҳбат карданд.
Варзишгоҳ дорои 4 минбар барои мухлисон ва 21 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.
Бинои варзишгоҳ аз се ошёна, аз ҷумла аз ҳуҷраҳои корӣ, ивази либос, ҳаммому дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Толорҳои варзишӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири варзишӣ, ҷой барои меҳмонони фахрӣ, маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст ва пешайвон аст. Барои таъмини рӯшноӣ дар майдони футбол 4 манораи калони муосири равшанидиҳанда насб гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь