“89 нафар бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба муассисаҳои тиббии Улан-Удэ муроҷиат карданд. Ҳамаи онҳо хӯроки тайёрро, ки аз шабакаи савдои “Николаевский” харида шуда буд, истеъмол кардаанд”, – хабар додааст ТАСС бо истинод ба идораи “Росселхознадзор” дар минтақа.
Тибқи маълумоти субҳи душанбе, 55 нафар дар беморхона бистарӣ шудаанд, ки 34 нафарашон кӯдаконанд. Дар 11 бемор “салмонеллез” тасдиқ шудааст.
“Вазъи ҳамаи зарардидагон мӯътадил аст. Як нафар дар реаниматсия, ки бемориаш рӯ ба беҳбудист”, – навиштааст вазири тандурустии ҷумҳурӣ Евгения Лудупова субҳи 20 октябр дар шабакаи телеграмма.
ТАСС қаблан хабар дода буд, ки онҳое дар беморхона бистарӣ шудаанд, “шаурма” истеъмол карда будаанд. Ин хӯроки тайёрро аз мағозаи “Николаевский” харидаанд, ки онро ширкати маҳаллии “Восток” истеҳсол кардааст.
Парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 238 (истеҳсол бо мақсади фурӯш ва фурӯши молу маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарии ҳаёт ё саломатӣ ҷавобгӯ нестанд) оғоз карда шудааст.

Блоки рекламавӣ