Ҳукумати “Толибон” консулгарии Афғонистонро дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки зери назари ин гурӯҳ кор мекард, бастаанд.
Рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и Кобул дар ин бора бо такя ба як манбааш дар Душанбе ин хабарро додааст.
Ба навиштаи рӯзнома, “Толибон” ҳамчунин консул Нақибуллоҳ Деҳқонзодаро низ барканор кардаанд. Деҳқонзода пас аз суқути ҳукумати пешини Афғонистон эълон карда буд, ки ниҳоди онҳо зери ҳокимияти “Толибон” кор мекунад.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки “ин тасмими ҳар кишвар аст”.
“Ҳашти субҳ” навиштааст, ки Деҳқонзода даромадҳои ҳосилшуда аз хадамоти консулиро, ки беш аз 100 ҳазор доллар будааст, низ бо худ ба Кобул бурдааст.
Блоки рекламавӣ



