Дар нимаи аввали соли ҷорӣ аз ҳама бештар дар ҳукуматҳои маҳаллии Тоҷикистон фасод ё коррупсия ошкор гардидааст. Дар ин бора намояндагони Оҷонсии зидди фасод 8-уми август зимни нишасти хабарӣ хабар додаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, имсол дар ҳукуматҳои маҳаллӣ 183 ҳолати фасод ошкор шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 32 ҳолат бештар будааст. Мақомот гуфтанд, баъди ҳукуматҳои маҳаллӣ бахши тандурустии кишвар фасодзада аст ва дар ним сол дар ин соҳа 103 ҷинояти вобаста ба коррупсия ошкор шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь