Киев интизор аст, ки ҳар моҳ аз иттифоқчиен на камтар аз як миллиард доллар барои хариди силоҳи амрикоӣ гирад. Дар ин бора Президенти Украина Владимир Зеленский дар нишасти матбуотии муштарак бо сарвазири Норвегия Йонас Гар Стере дар Киев изҳор дошт – хабар медиҳад Reuters.
Дар натиҷаи гуфтушунид дар кохи Сафед ҳафтаи гузашта Владимир Зеленский изҳор дошт, ки барои харидани силоҳи амрикоӣ 90 миллиард доллар пешниҳод кардааст. Тибқи иттилои рӯзномаи Financial Times, пардохт аз ҳисоби маблағҳои аврупоӣ таъмин бояд карда мешавад.
18 август дар мулоқот бо президенти ИМА Доналд Трамп дар кохи Сафед, Президенти Украина Владимир Зеленский изҳор дошт, ки айни замон Киев ба чанд барномаҳои маблағгузорӣ дастрасӣ дорад, ки имкон медиҳанд, ки аз ИМА силоҳ харанд. Сарвари Украина ҳамчунин изҳори умедворӣ кардааст, ки харидани силоҳ аз ИМА як қисми кафолатҳои амниятӣ барои Украина хоҳад буд.



