Кортежи Президенти Эквадор Даниэл Нобоа аз ҷониби гурӯҳи 500 нафар мавриди ҳамла қарор гирифт. Президент ба вилояти Каняр мерафт. Дар ин бора вазири муҳити зист ва энергетика Инес Мансано хабар додааст.
Дар мошини Президент пайи тир ҳам дида мешуд. Худи Нобоа осеб надидааст, панҷ нафар аз ҳамлагарон дастгир шудаанд.
Маъмурияти Президент дар видеое нашр кард, ки дар он издиҳом ба сӯи мошин санг мепартоянд. Дар хабар гуфта мешавад, ки ҳамлагарон бо “фармони радикалҳо” амал мекарданд. Онҳо ба терроризм ва кӯшиши куштор айбдор карда мешаванд.
Эътирозҳо дар Эквадор аз миёнаи сентябр идома доранд, ки онро Конфедератсияи мардуми бумии CONAIE ба қарори президент барои бекор кардани субсидияҳои сӯзишвории дизелӣ ташкил кардааст. Президент Нобоа қаблан изҳор дошт, ки дар паси намоишҳо картели Венесуэла Tren de Aragua истодааст.

Ҳуҷум ба мошини Президент
Блоки рекламавӣ


