“Гузашти Русия дар Аляска тасмими ҷиддии ин кишварро барои бастани сулҳ ба намоиш гузошт, ки барои ҷониби Амрико хеле муҳим буд”, – қайд кард Уиткофф, фиристодаи махсуси Президент Трамп.

Русия дар ҷараёни мулоқоти президентҳо Владимир Путин ва Доналд Трамп дар Аляска рӯзи 15 август фавран гузашт кард. Дар вохӯрии аввал дар Аляска, русҳо қариб фавран гузашт карданд” – гуфт ӯ. Ба гуфтаи ӯ ин нишон дод, ки Русия “омода аст бештар дар бораи сулҳ андешад”.
Пеш аз ин, фиристодаи махсус гуфта буд, ки дар музокироти Аляска, Маскав дар барои панҷ минтақаи Украина сабукиҳо додааст. Мавзӯи табодули қаламравҳо дар мулоқоти Трамп бо президенти Украина Владимир Зеленский баррасӣ шуд, аммо Трамп ин масъаларо ба дӯши Киев гузошт. Гуфта мешавад, ки Зеленский ва Путин дар вохӯрии эҳтимолии шахсӣ, ки метавонад ба зудӣ баргузор шавад, муҳокима менамоянд. Дар ҳамин мусоҳиба Уиткофф гуфт, ки давомнокии вохӯриҳои ӯ бо Путин ва командаи вай тақрибан 24-25 соатро ташкил медиҳад. То ҳол Уиткофф ягона намояндаи маъмурияти Трамп аст, ки имсол ба Русия ташриф овардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь