“Дар музокироти ҳайатҳои амрикоӣ ва украинӣ, ки дар Берлин баргузор шуд, дар муҳокимаи нақшаи сулҳ “пешрафти назаррас” ба даст омад”, – эълон кард фиристодаи махсуси Президенти ИМА Стив Уиткофф.
“Дар вохӯрӣ, ки беш аз панҷ соат идома ёфт, нақшаи сулҳи 20 нукта, масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар мавзӯъҳо муфассал муҳокима карда шуд”, – навиштааст Уиткофф дар Шабакаи иҷтимоӣ. “пешрафтҳои назаррас ба даст оварда шуданд ва мо пагоҳ боз вомехӯрем” – гуфт ӯ.Президенти Украина Владимир Зеленский, ки ҳайати Украинаро дар музокироти Берлин роҳбарӣ мекунад, пеш аз мулоқот гуфт, ки мавзӯи асосии музокирот бояд кафолати амният бошад.
Ҷониби Амрикоро дар мулоқот Стив Уиткофф ва домоди президенти ИМА Доналд Трамп Ҷаред Кушнер намояндагӣ карданд. Чанд рӯз пеш аз мулоқот бо Зеленский дар Берлин, Кушнер ва Уиткофф барои гуфтушунид бо Президенти Руссия Владимир Путин ба Маскав омада буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь