Ҷудочии тоҷик Рошид Неъматов дар вазни то 73 кг дар Чемпионати Осиё байни наврасон медали тилло ба даст овард. Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Чемпионати Осиё байни наврасон дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор гардида, дар финал Рошид Неъматов бар ҷудочии дигари тоҷик Бобоҷон Шаропов ғолиб омада, соҳиби медали тилло шуд.
Ҷудочии тоҷик Бобоҷон Шаропов сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё байни наврасон гардид.
Блоки рекламавӣ