Дар ноҳияи Қубодиён роҳҳои мошингарде, ки ноҳияи Дӯстиро ба ин ноҳия мепайвандад, вайрону валангор буда, ниёз ба таваҷҷӯҳи ҷиддӣ доранд. Дар ин бора муовини аввали раиси ноҳияи мазкур Бахтиёр Қудратуллозода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки дар ноҳия масофаи умумии роҳҳо 178,5 километрро ташкил медиҳанд, оз он роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ 34,5 километр ва роҳҳои маҳаллӣ 144 километр мебошанд.
-Ин роҳ бояд таъмири асоси шавад, барои таъмири ин роҳ лоиҳаҳо пешниҳод шудааст, аммо масъулони ноҳияи дақиқ нагуфтанд, ки оғози лоиҳа кай аст,-илова кард муовини раис ва гуфт бо гарм шудани ҳаво дар нақша аст ин роҳро таъмири ҷорӣ кунем.
Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 110,0 сомонӣ ва аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 157,7 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, 2024 метри мураббаъ таъмири ҷорӣ бо омехтаи сиёҳ, 7,3 км тахту ҳамвор намудани ду канори роҳ гузаронида ва 56 адад аломати роҳ иваз карда шудааст.

Қубодиён: Роҳҳои валангорро кай таъмир мекунанд?
Блоки рекламавӣ


