Қубодиён бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 21-уми августи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз мағозаи хӯроквориаш 25 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 13-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар додааст.
Блоки рекламавӣ



