Мақомоти интизомии Тоҷикистон як сокини шаҳри Турсунзодаро боздошт кардаанд. Ин мард писари 16-солаи худро барои истеъмоли нос ва дуздии 600 сомонӣ латукӯб кардааст, хабар медиҳад ОИ “АП”.
Ин ҳодиса боиси хашми густурдаи ҷомеа шуд, зеро падар шиканҷаро наворбардорӣ кард, ки ин ҳодисаро даҳшатноктар кардааст. Як манбаи огоҳ аз вазъият ба «Азия-Плюс» ҳодисаро тасдиқ карда, хабар додааст, ки ҳодиса ду рӯз пеш дар ҷамоати 10-солагии истиқлоли шаҳри Турсунзода рух дода, наворро падари навраси 16-сола наворбардорӣ кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, чанд рӯз пеш ин наврас барои носкашӣ аз ҷониби падараш мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Рӯзи дигар аз падараш 600 сомониро дуздида, ба пойтахт ба хонаи кадом хешаш фирор кардааст. Баъди ин наврас ду-се рӯз ғайб задааст. Хешаш ба падари наврас занг зада гуфтааст, ки вай дар хонаи ӯст.
Мард писарашро гирифта, дар роҳ ба хонааш аз пойҳояш ба мошин баста, 800 метр дар роҳ кашола карда, наврасро наворбардорӣ кардааст. Дар навор мушоҳида мешавад, ки писарбачаро бозпурсӣ карда, дар куҷо сарф кардани пул ва аз нос кашиданаш мепурсад. Наврас дар посух гуфтааст, ки пулро гирифтааст, аммо нос накашидааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ин мард бо вуҷуди захм бардоштану хунӣ шудани кӯдак, ба таҳқири ӯ идома дода, ӯро бо мошин ба масофаи 1,5 километри дигар кашола кардаааст, ки дар натиҷа рӯй наврас дарида, сараш осеб дида, аз ҳуш рафтааст. Падари кӯдак ӯро ба мошин савор карда, ба хонааш бурдааст ва дар таҳхонаи хонааш гузоштааст. Модари писарбача ва фарзандони дигар аз воқеа хабардор шуданд, аммо мард иҷоза надодааст, ки онҳо ба ӯ наздик шаванд.
Тақрибан соати 4:00 мард писарашро нохуш пайдо кардааст. Ӯ ба пизишки маҳаллӣ муроҷиат кардааст, аммо пас аз муоинаи кӯдак, пизишк марги ӯро тасдиқ кардааст. Мард ва ҳамсараш барои пӯшонидани ҷиноят, ҷасади кӯдакро шустаанд ва талош кардаанд ба ноҳияи Темурмалик, ки зодаи онҷо буданд, барои дафн баранд, аммо маъмурони милитсия онҳоро дар роҳ боздошт кардаанд. Ин мард дар ҳоли ҳозир дар боздошт аст.



