Дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо иштироки беш аз 3000 варзишгари 57 кишвари олам аз рӯи 23 намуди варзиш идома дорад ва мунтахаби Туркия дар ҷойи авваланд.
Варзишгарони Туркия то ҳоло 91 медал (51 тило, 24 нуқра ва 16 биринҷӣ) гирифтаанд. Дар ҳисоби медалҳо Ӯзбекистон бо 46 медал (15 тило, 17 нуқра ва 14 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Миср бо 27 медал (10 тило, 6 нуқра ва 11 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм мебошанд.
Ба даҳгонаи аввал, инчунин Қазоқистон (9-12-13), Эрон (7-8-15), Нигерия (6-5-3), Озарбойҷон (5-11-18), Баҳрайн (5-3-2), Арабистони Саудӣ (5-1-15) ва Индонезия (4-12-7) дохил мешаванд.
Ҳоло варзишгарони 32 кишвар медалҳои Бозиҳои VI ҳамбастагии исломиро ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 18 кишвар соҳиби медали тило.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо Тоҷикистонро 69 варзишгар дар 12 намуди варзиш дорад. Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби медалҳо пас аз Қирғизистон (3 нуқра ва 1 биринҷӣ) бо чаҳор медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи 21-умро касб кардааст. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон то имрӯз медал нагирифтааст.

Туркия пешсаф, Тоҷикистон дар ҷойи бисту якум
Блоки рекламавӣ


