Маркази матбуоти раиси вилояти Муғла дар Туркия эълон кард, ки 14 муҳоҷир дар пайи чаппа шудани як қаиқи бодӣ дар наздикии соҳилҳои сайёҳии Бодрум дар баҳри Эгей ҷон додаанд.
Ба гуфтаи мақомҳои маҳаллӣ, нерӯҳои баҳрии Туркия субҳи 24 октябр амалиёти наҷотро оғоз карданд ва то кунун ду нафар аз сарнишинон наҷот ёфтанд. Яке аз онҳо гуфтааст, ки 18 нафар савори ин қаиқ буданд ва танҳо даҳ дақиқа пас аз даромадан ба об ғарқ шудааст.
Ҳанӯз дар бораи шаҳрвандони кадом кишвар будани ин афрод маълумоте дар даст нест.
Қаиқҳои муҳоҷирон бештар дар масири хатарнок миёни соҳилҳои Туркия ва ҷазираҳои Юнон дучори фоҷиа мешаванд.
Тибқи омори Созмони байналмилалии муҳоҷират, аз оғози соли ҷорӣ ҳудуди 1400 муҳоҷир дар масирҳои баҳрӣ ба Аврупо, ҷони худро аз даст додаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь