Ба беш аз 330 нафар покизакорон ба муносибати Рӯзи Модар тӯҳфаҳо тақдим карда шуд
Дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар беш аз 330 нафар занону бонувон -кормандони Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода занону модаронро бо фарорасии ин ҷашни фархунда таҳният гуфта, аз саҳми арзишманди кормандони соҳа дар ободиву тозагии маркази маъмурии вилоят ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки ҳамасола дар фазои сулҳу субот, ваҳдату шукргузорӣ Рӯзи Модар ҳамчун ҷашни муҳиму муқаддас ва рамзи меҳру муҳаббат бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои фаъолияти пурсамар ва зиндагии шоистаи онҳо шароити мусоид фароҳам овардааст.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки маҳз бо заҳмати содиқона ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд имрӯз кӯчаву хиёбонҳои шаҳр тозаву озода ва назаррабо гардидаанд. Барои саҳми арзандаашон дар нигоҳдории симои зебои шаҳр ба занони меҳнаткаш изҳори сипос баён карда шуд.
Зимни суҳбат ва тақдими туҳфаҳо, аз ҷумла шириниҳо ва маводи ғизоӣ таъкид гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд заҳмати занону модаронро ҳамеша қадр мекунад. Ба ин хотир, дар арафаи иду ҷашнҳо ба онҳо таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир карда мешавад.
Бо итминон гуфта шуд, ки кормандони Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ дар ободиву тозагии шаҳр саҳми арзанда мегузоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь