Даҳ ҳазор нусха китобҳои бадеиро дар шакли PDF, ки дар хотираи доимӣ (“флешкорт”) сабт гардидааст ба ҳар як муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумӣ аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тӯҳфа карда шуд.
Директори маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон Нурализода Акмал иттилоъ дод, ки “3 сентябри соли 2025 дар доираи амалишавии ташаббуси раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид , ки соли 2025-ро “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон намуд, беш аз даҳ ҳазор нусха китобҳои бадеиро дар шакли PDF, ки дар хотираи доимӣ (“флешкорт”) сабт гардидааст, ба ҳар як муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумӣ аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дастрас гардид.
Гуфта шуд, ки дар ин маросим сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Абдулзода Зиёдулло, , мудирони шӯъбаҳои маориф, директорони марказҳо ва китобдорони шуъбаҳои маориф иштирок доштанд.
Пас аз мубодилаи афкор ва ибрози андеша, тӯҳфаҳои раиси вилояти Хатлон дар шакли хотираҳои доимӣ ба мудирон ва намояндагони шуъбаҳои маориф дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь