Федератсияи футболи Қазоқистон (КФФ) аризаи сармураббии дастаи мунтахаби кишвар Али Алиевро дар бораи истеъфо қонеъ кард.
Тибқи маълумоти шабакаҳо қарор дар ҷараёни машварати кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи мамлакат қабул карда шуд, ки дар он роҳбарияти Федератсия ҳисоботи мутахассисро қабул накард.
Алиев пас аз шикасти дастаи миллии Қазоқистон аз тими мунтахаби Белгия бо ҳисоби 0:6 дар доираи даври интихобии қаҳрамонии ҷаҳон истеъфоро дод. Дар маҷмӯъ, таҳти роҳбарии Алиев, дастаи мунтахаби Қазоқистон 6 бозӣ анҷом дод, ки 5-тои он бохт, дар як бозӣ ғолиб омад. Мутахассисро ҳамчун ивазкунандаи муваққатии Станислав Черчесов гирифта буданд, ки таҳти роҳбарии вай даста аз 7 бозӣ 6 бозиро бохт ва ҳеҷ голе ба даст назад.
Тибқи маълумоти шабакаи интернетии “Фарғона”, ба вазифаи сармураббӣ мутахассисони хориҷӣ, аз ҷумла аз Словакия Владимир Вайс, аз Булғористон Станимир Стоилов, инчунин мутахассисони пасошӯравӣ номзад ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь