Ин изҳорот пас аз гуфтугӯи телефонии раисҷумҳури Украина ва Амрико, ки дар пайи мулоқоти Доналд Трамп ва Владимир Путин дар Аляска сурат гирифт, садо дод.
Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки ният дорад рӯзи 18 август ба Вашингтон сафар карда, бо президенти ИМА Доналд Трамп мулоқот кунад. Дар як изҳорот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ ба ИМА барои даъват изҳори сипос кардааст.
Ба иттилои Комиссияи Аврупо, дар ин нишаст ҳамчунин раиси Иттиҳодияи Аврупо Урсула фон дер Лейен, президенти Фаронса Эммануэл Макрон, садри аъзами Олмон Фридрих Мерз, сарвазири Бритониё Кейр Стармер, дабири кулли НАТО Марк Рютте, инчунин котиби давлатии ИМА Марко Рубио ва намояндаи вижаи президенти ИМА Стив Виткофф ширкат хоҳанд дошт.
“Муҳим аст, ки аврупоиҳо дар ҳама марҳилаҳо – таъмини амният дар баробари Амрико ҷалб шаванд. Мо як сигнали муҳими ҷониби Амрикоро дар бораи ширкати онҳо дар таъмини амнияти Украина баррасӣ кардем” гуфт ҷаноби Зеленский ва афзуд, ки ӯ ба баррасии “мавқеъҳои мо бо шарикон” идома медиҳад.
Вай таъкид кард, ки барои мулоқоти сеҷониба бо президентҳои ИМА ва Русия омода аст.

Трамп Зеленскийро 18 август ба мулоқоти Вашингтон даъват кард
Блоки рекламавӣ