Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп изҳор дошт, ки бо Ӯзбекистон созишномаи тиҷоративу иқтисодӣ бастааст. Дар доираи созишномаҳо, ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба иқтисоди ИМА беш аз 100 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад. Дар ин бора Reuters бо истинод ба шабакаҳои иҷтимоии раиси кохи Сафед хабар додааст.
Тавре Трамп менависад, “Дар се соли оянда Ӯзбекистон барои хариди мол аз ИМА ва сармоягузорӣ ба ин кишвар 35 миллиард доллар ва дар 10 соли минбаъда беш аз 100 миллиард доллар ҷудо мекунад. Ин маблағҳо ба лоиҳаҳо дар соҳаҳои асосии иқтисоди Амрико равона карда мешаванд. Аз ҷумла, сухан дар бораи истихроҷи маъданҳои муҳим, авиатсия, саноати автомобилсозӣ, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, саноати кимиё, соҳаи иттилоот меравад.

Трамп: Ӯзбекистон ба иқтисоди Амрико беш аз 100 миллиард доллар сармоя мегузорад
Блоки рекламавӣ


