Доналд Трамп ворид шудани шаҳрвандони ҳафт кишвари дигарро ба Амрико манъ аст.
Дар руихат шаҳрвандони Сурия ва Фаластин низ ҳастанд, ки санадҳои сафари содиршуда аз сӯи Ташкилоти худгардони Фаластинро дар ихтиёр доранд.
Тибқи тасмими Кохи Сафед дар руихат ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои Буркина-Фасо, Лаос, Мали, Нигерия, Сиерра-Леоне ва Судони ҷанубӣ мебошанд.
Ба гузориши хабаргузории Олмон, аз моҳи январ, ки Трамп бори дигар кори худро ба унвони Президент оғоз кардааст, сиёсатҳои сахтгиронае дар заминаи муҳоҷират ва раводид пеш гирифтааст ва қонунҳои мавҷудро шадидтар кардааст.
Дар оғози соли равон, Вашингтон вуруди шаҳрвандони чандин кишварро ба таври комил ба Амрико манъ карда буд ва бештари ин маҳдудиятҳо ҳанӯз ҳам побарҷост.
Блоки рекламавӣ



