Трамп гуфтааст, ки гуфтушунидҳои Уиткофф ва Путин “хеле хуб” буданд, аммо ӯ намедонад, ки Кремл чӣ кор карданист.
“Президенти Амрико Доналд Трамп дар Дафтари корӣ ба саволҳои рӯзноманигорон дар бораи чӣ гуна гузаштани музокироти Путин ва Уиткофф дар Кремл посух дод” – хабар додааст расонаи AP.
Ба гуфтаи Президент, онҳо “мулоқоти хеле хуб” доштаанд, аммо ӯ наметавонад бигӯяд, ки “чӣ мешавад”, зеро намедонад “Кремл чӣ кор мекунад”.
Ба посухи ин савол ӯ илова кард, ки шароити сулҳ барои Украина ҳоло бадтар аз моҳи феврали соли равон аст. Вақте ки Трамп дар мулоқот бо Зеленский дар бораи набудани ” қартаи бурд” дар дасти Киев сухан гуфта буд.
Трамп гуфт, ки Уиткофф ва Кушнер таассурот доранд, ки Путин “мехоҳад ҷангро хотима диҳад” ва “мехоҳад гуфтушунид кунад”.
Дар посухи ду дақиқаӣ ба саволи хабарнигорон Трамп се маротиба зикр кард, ки агар ӯ ба ҷои Байден Президент мебуд, ҷанг намешуд ва Украина “тамоми қаламрави худро” дошт.
AP гуфтааст, ки имрӯз дар Майами мулоқоти Уиткофф ва Кушнер бо музокиракунандаи ҷониби Украина Рустам Умаров дар мулоқот менамояд.

Трамп: Вазъи Зеленский бадтар аз соли гузашта аст
Блоки рекламавӣ


