Доналд Трамп, Президенти Амрико гуфтааст, ки дар дидори рӯзи ҷумъаи худ бо Владимир Путин, Президенти Русия талош хоҳад кард то бахше аз хоки Укриинаро пас гирад.
Ӯ дар як нишасти хабарӣ дар “Кохи Сафед” гуфт:
“Русия бахши бузурге аз Украинаро ишғол кардааст. Мо саъй хоҳем кард бахше аз ин хокро барои Украина пас гирем”.
Ӯ ва Путин қарор аст дар поёни ҳафтаи равон дар Аляска музокира кунанд.
Трамп иддао кард, ки метавонад “зарфи ду дақиқа” пас аз дидор бо Путин фаҳмад, ки оё пешрафте ҳосил мешавад ё на.
Трамп гуфт, ки ҷаласаи ҷумъа бо ҳадафи “тарғиби Путин ба поёни ҷанг” хоҳад буд.
Блоки рекламавӣ



