Шабакаи Fox News мусоҳиба бо президенти ИМА Доналд Трампро пас аз мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин дар Аляска нашр кард. Дар он ҷаноби Трамп мулоқот бо раҳбари Русияро ҷамъбаст карда, ба президенти Украина ва дар бораи иқдомоти минбаъда маслиҳат додааст. Ва дар зер фишурда суханронии Трамп:
-Муносибатҳои мо бо Путин ҳамеша аъло буданд.
-Гуфтушунид хеле хуб гузашт, сарфи назар аз набудани созиш пешравии калон дида мешавад.
-Мо дар бисёр нуктаҳо бо Путин мувофиқа кардем. Акнун ба Зеленский вобаста аст, ки созишро анҷом диҳад. Ва кишварҳои аврупоӣ низ бояд дар ин кор андаке ширкат кунанд.
-Ман бо Путин дар бисёр чизҳо дар бораи кафолатҳои амнияти Украина розӣ шудам.
-Ман ба созиш бо Русия дар бораи Украина наздикам ва таваҷҷӯҳи Путинро ба он мебинам. Украина бояд ба он розй шавад. Шояд «не» гуянд.
-Барҳам додани низоъ дар Украина як дастоварди бузург барои Путин ва Зеленский хоҳад буд.
-Ман бар хилофи Украина Русияро як кишвари тавоно медонам ва ба Киев тавсия медиҳам, ки созиш бибандад.
-Зеленский бояд эътироф кунад, ки дар муноқиша бо Русия чизҳои зиёдеро аз даст медиҳад.
-Имконияти ба даст овардани созиш дар бораи Украина хеле хуб аст, мулоқот бо Путин дар Аляска аз 10 ба 10 буд.
-Ман намегӯям, ки пас аз мулоқот бо Путин нуктаҳои тавофуқ ва ихтилоф чӣ гунаанд.
-Ҷонибҳо ба омодагӣ ба мулоқот бо ширкати худи Трамп, Путин ва Зеленский шурӯъ мекунанд.
-Путин ва Зеленский ба иштироки ман дар мулоқоти эҳтимолии Русия ва Украина манфиатдоранд.
-Ба кор бурдани яроқи ядроӣ ба охир расидани ҷаҳон оварда мерасонад. Русия потенсиали бузурги ҳастаӣ дорад, инро бояд ба назар гирифт.
-Путин муваффақиятҳои иқтисодии маро арзёбӣ карда, ИМА-ро “ҳамчун тӯп гарм” номид. Ва як сол пеш фикр мекард, ки Амрико мурдааст.
-Ҳоло ман нақша надорам, ки алайҳи Федератсияи Русия ва шарикони тиҷоратии он таҳрим ҷорӣ кунам, зеро мулоқот бо Путин хуб гузашт.
-Русия ба ман рӯйхати беш аз 1000 асири украиниро пешниҳод кард, ки Украина бояд ба қабули онҳо розӣ шавад.
-Путин иддао кард, ки интихоботи соли 2020 дар ИМА ба далели овоздиҳии почтаи электронӣ тақаллуб шудааст ва қайд кард, ки ман дар он ғолиб омадам.