Доналд Трамп, президенти ИМА бори дигар таъкид кард, ки барои хатми ҷанг дар Украина суҳбати рӯ ба рӯи Владимир Путин ва Владимир Зеленскийро зарур меҳисобад.
Ӯ гуфт, ки танҳо “бо нишон додани тавоноӣ” ба натиҷа расидан мумкин аст.
Трамп зимни суханронӣ дар назди ҳайати фармондеҳии олии артиши ИМА дар пойгоҳи Куантико изҳор дошт, ки дастур додааст, “як ё ду киштии зериобӣ” дар наздикии соҳилҳои Русия ҷойгир карда шаванд. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки Вашингтон захираи ҳастаии худро навсозӣ месозад.
“Мо умед дорем, ки ҳеҷ гоҳ ба истифодаи он маҷбур намешавем,” — гуфт ӯ.
Раҳбари Амрико Русияро “паланги коғазӣ” номид ва гуфт, аз Путин ноумед шудааст. Ӯ гуфт, фикр мекард, ки Путин зуд ба сулҳ розӣ мешавад, вале ӯ ин корро накард. Трамп майли бештари Русия ба ҷангро сабаби тақвияти чораҳои низомии Амрико дар наздикии марзҳои Русия донист.

Трамп: Путин ва Зеленский бояд рӯ ба рӯ сӯҳбат кунанд
Блоки рекламавӣ


