Ба гуфтаи Президенти Амрико, ” чизе бояд рӯй диҳад ва Амрико инро интизор аст”.
“Президенти Руссия Владимир Путин ва Президенти Украина Владимир Зеленский ҳанӯз ба гуфтушунид омода нестанд, аммо ба зудӣ “чизе бояд рӯй диҳад”, ки ба қарорҳои онҳо таъсир мерасонад” – гуфтааст Президенти Амрико Доналд Трамп дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии CBS News.
Трамп инчунин гуфт, ки ӯ боварӣ дошт, ки ҳалли низоъи Украина “осонтарин” хоҳад буд. Вай кӯшиш мекунад, ки ҷангро боздорад, аммо вазъ “бисёр мушкилтар”будааст. Вай инчунин мавқеи худро дар бораи низоъи Украина “воқеӣ ва ҳамзамон хушбинона”номид.
Блоки рекламавӣ



