Доналд Тармп, раиси ҷумҳури Амрико, мегӯяд, ки бо далели афзоиши норозиён аз бомбаборони Русия алайҳи Укроин ва набуди пешрафт дар масири сулҳ, муҳлати таъйиншуда барои оташбасро, ки ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дода буд, ба 10 то 12 рӯз коҳиш хоҳад дод.
Трамп рузи 28-уми июл дар шаҳри Тернберрии Шотландия дар гуфтугӯ бо хабарнигорон изҳор дошт, ки аз Путин “бисёр ноумед” аст ва “ниёзе ба сабр кардан” то ба охир расидани муҳлати 50-рӯзаи аввал, ки дар аввали ин моҳ муқаррар шудааст, надорад; магар ин, ки Маскав ба тавофуқи сулҳ бо Киев даст ёбад.
Ҳамзамон, Трамп гуфт: “Ман аз имрӯз як муҳлати ҷадид дар ҳудуди 10 ё 12 рӯз таъйин мекунам”. Ин суханро Трамп дар ҷараёни дидор бо Истамер, садри аъзами Бритониё, баён дошт.
Дар идомаи гуфтори худ Трамп афзуд: “Вақте бо касе ба андозаи кофӣ таъомул дошта бошӣ, мефаҳмӣ, ки чӣ кор хоҳад кард, ё чӣ кор нахоҳад кард. Ман ба ӯ (Путин) як фурсат додам, вале ӯ аз он истифода накард”.
Зимни эълони аввалини муҳлати 50-рӯза дар рӯзи 14 июл, Трамп таҳдид карда буд, ки ба Русия “таърифаҳои хеле вазнин” ҷорӣ мекунад ва ҳамчунин эҳтимоли таҳрими кишварҳое, ки энержии содиротии Русияро харидорӣ мекунанд, матраҳ карда буд. Аммо Русия токунун дар вокуниш ба суханони Трамп ҳеч изҳори назаре накардааст.



