“Президент Доналд Трамп Пэм Бондиро аз вазифаи прокурори генералӣ барканор кард”, – хабар додаанд CNN, Fox News, The New York Times ва дигар расонаҳо бо истинод ба манбаъҳояшон.
Ба гуфтаи манбаъҳо, вазифаи иҷрокунандаи ин вазифаро муовини прокурори генералӣ Тодд Бланш ишғол кардааст. Трамп шоми якуми апрел бо Бонди мулоқот кард. Тавре Fox News менависад, мулоқоти онҳо дар дафтари корӣ, пеш аз муроҷиатиТрамп дар бораи ҷанги Эрон баргузор шуд. Дар вохӯрӣ Бонди аз истеъфои худ хабар ёфт. Яке аз ин манбаъҳо гузориш дод, ки вақте Трамп ба амрикоиҳо муроҷиат мекард, Бонди “аллакай корашро аз даст дода, ба Флорида бармегашт”.
Тибқи маълумоти CNN, Трамп пешниҳод кардааст, ки пас аз тарки Вазорати адлия Бонди метавонад судя таъин карда шавад. Доналд Трамп тасдиқ кард, ки Бонд аз кор озод шудааст: “Мо Пэмро дӯст медорем ва ӯ ба вазифаи нав, хеле зарурӣ ва муҳим дар бахши хусусӣ мегузарад, ки дар ояндаи наздик эълон хоҳад шуд” — навиштааст вай дар шабакаи иҷтимоии truth social.



