Президенти и Амрико гуфтааст ҳама гуна ҳамларо ба нерӯгоҳҳои Эрон то панҷ рӯз ба таъхир гузошт. Вазорати корҳои хориҷии Эрон посух додааст, ки байни Теҳрон ва Вашингтон “муколамае” вуҷуд надорад.
Доналд Трамп 23-юми март дар шабакаи Truth Social навишт, “бо назардошти хусусият ва лаҳни гуфтугӯҳо” ба Вазорати дифоъ супориш додааст, ки “ҳама гуна ҳамла алайҳи нерӯгоҳҳо ва зербунёдҳои энергетикии Эронро ба муддати панҷ рӯз боздорад”.
Трамп афзуд, “ин гуфтугӯҳо дар тӯли ҳафта идома хоҳад дошт”.
Дар ҳамин ҳол, “Тасним” ва “Форс”, ду хабаргузории наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, бо такя ба манбаъҳои худ навиштанд, ки байни Теҳрон ва Вашингтон мустақим ё ғайримустақим “ягон музокирот” сурат нагирифтааст.
Блоки рекламавӣ



