Трамп, изҳор дошт, ки пас аз он, ки ба ӯ ҷойизаи сулҳи Нобелро надоданд, вай дигар аз сулҳ намеандешад
Доналд Трамп ба сарвазири Норвегия Йонас Гар Стере номае навишт, ки дар он изҳор дошт, ки азбаски ба ӯ ҷоизаи Нобел дода нашудааст, ӯ дигар “вазифадор нест”, ки дар бораи мушкили ҷаҳон фикр кунад.
Матни номаро хабарнигори PBS Ник Шифрин нашр кард. Он ба сафирони кишварҳои аврупоӣ дар Вашингтон ирсол шудааст. Дар нома хоҳиш карда мешавад, ки ба роҳбарони ҳукуматҳои худ паёми Трампро, ки ба сарвазири Норвегия фиристода шудааст, расонанд.
“Бо дарназардошти он, ки кишвари шумо тасмим гирифтааст, ки барои боздоштани ҳашт ҷанг ба ман ҷоизаи сулҳи Нобелро надиҳанд, ман дигар маҷбур нестам, ки танҳо дар бораи ҷаҳон фикр кунам, гарчанде ки он ҳамеша афзалият хоҳад дошт. Акнун фикри ман дар бораи он аст, ки барои Амрико андешам ва барои ҳалли мушкили вай талош кунам”, — омадааст дар паём. Дар ҳамин паём, Трамп бори дигар қайд мекунад, ки Дания наметавонад Гренландияро аз Руссия ва Чин муҳофизат кунад ва ҳайрон мешавад, ки чаро ҳукумати Дания ҷазираро “моликият” – и хеш меҳисобад. “Ягон ҳуҷҷати хаттӣ вуҷуд надорад, танҳо садҳо сол пеш киштии онҳо ба он ҷо расид, Аммо киштиҳои мо низ дар он ҷо буданд” – менависад Трамп. Ба гуфтаи ӯ, “вай барои НАТО “аз ҳар каси дигар аз замони таъсисёбӣ бештар кор кардааст” ва ҳоло НАТО “бояд барои Иёлоти Муттаҳида кор кунад”.
Юнас Гар Стере тасдиқ кард, ки ин паёмро аз Трамп рӯзи 18 январ гирифтааст. Ба гуфтаи сарвазири Норвегия, он дар посух ба паёми кӯтоҳе, ки худи ҳамон рӯз ба президенти ИМА аз номи худаш ва аз номи Президенти Финляндия Александр Стубб фиристода буд, омадааст. Стере тавзеҳ дод, ки дар нома ба Трамп ӯ ва Стубб мавқеи худро дар бораи таҳдиди Трамп барои ҷорӣ кардани боҷҳо алайҳи ҳашт кишвари аврупоӣ баён карда буданд ва аз ӯ гуфтугӯи телефонӣ талаб кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь