Трамп изҳор дошт, ки аксари иттифоқчиёни ИМА аз ҳамроҳ шудан ба ҷанг бо Эрон худдорӣ карданд.
Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки аксари иттифоқчиёни НАТО ба Вашингтон хабар доданд, ки онҳо дар ҷанг бо Эрон иштирок намекунанд ва амниятро дар гулугоҳи Ҳурмузд таъмин намекунанд. Дар ин бора ӯ рӯзи 17 март дар шабакаи иҷтимоии truth social навишт.
Трамп изҳор дошт, ки аз ин ҳайрон нест, зеро ӯ ҳамеша боварӣ дошт, ки НАТО ба ИМА кӯмак намекунад: “Мо дар як сол садҳо миллиард долларро барои ҳифзи ин кишварҳо сарф мекунем ва онҳо барои мо ҳеҷ коре намекунанд, хусусан вақте ки ба мо лозим аст.”
Бо муваффақиятҳои низомии худ дар Шарқи Наздик мо дигар ниёз ба НАТО надорем ва аз кишварҳои НАТО кӯмак намехоҳем — мо ҳеҷ гоҳ ба онҳо ниёз надоштем!
Трамп дар навиштаи худ илова кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида “ба кӯмаки касе ниёз надорад”.
Дар мулоқот бо Сарвазири Ирландия Михол Мартин дар кохи Сафед Трамп қарори кишварҳои НАТО-ро “беақлии бузург”номид: “Ҳама бо мо розӣ ҳастанд, аммо ҳеҷ кас намехоҳад кӯмак кунад ва мо, Иёлоти Муттаҳида, бояд инро дар хотир дошта бошем” – гуфт ӯ.
Дар гузашта Трамп гуфта буд, ки ИМА аз НАТО хориҷ хоҳад шуд, Аммо дар мулоқоти 17 март ӯ ин масъаларо ба миён наовард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь