Доналд Трамп, Президенти Амрико Президентҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон Шавкат Мирзиёев ва Қосимҷомарт Тоқаевро ба ҳамоиши кишварҳои бистгона ё G-20, даъват кард.
Президенти ИМА бо раҳбарони ин ду кишвари Осиёи Марказӣ телефонӣ сӯҳбат карда, онҳоро барои ширкат дар саммити “бистгонаи бузург”, ки соли оянда дар Майамии Амрико баргузор мешавад даъват намуд.
Трамп дар шабакаи Truth Social навиштааст, ки дар дар ин гуфтугӯҳо масъалаи “тавсеаи ҳамкорӣ миёни ин кишварҳоро баррасӣ кардаанд”.
Маъмурияти Тоқаев гуфтааст, сӯҳбати телефонии Трамп бо Тоқаев “давомдор” буд.
Доналд Трамп барои иҷрои созишномае, ки моҳи ноябр дар доираи ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – ИМА” тасвиб шуд, изҳори омодагӣ кардааст.
Дар сомонаи Президенти Ӯзбекистон гуфта шудааст, ки Мирзиёев ва Трамп ҷараёни иҷрои созишномаҳои ҳосилшуда ва дурнамои рушди равобити Ӯзбекистону Амрикоро баррасӣ карданд.
Мирзиёев ва Тоқаев Трампро ба кишварҳои худ даъват кардаанд.
Президенти феълии Амрико ҳеч гоҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар накардааст.

Трамп Мирзиёев ва Тоқаевро ба саммити G-20 даъват кард
Блоки рекламавӣ


