Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки фиристодаи махсус Стив Уиткофф ва президенти Русия Владимир Путин музокироти хеле хуб доштанд.

“Имкони хубе вуҷуд дорад, ки вохӯрии Путину Зеленский ба зудӣ баргузор шавад” – гуфт ӯ ҳангоми суханронӣ дар кохи “Сафед”.

Вақте рӯзноманигорон савол доданд, ки оё ба сулҳ дар Украина бовар доранд, Трамп гуфт, намехоҳад пешгӯӣ кунад, зеро қабл аз ин навмед шуда буд.

6 август вохӯрии Владимир Путин ва фиристодаи махсуси президенти ИМА Стив Уиткофф баргузор шуд. Маскав ва Вашингтон натиҷаҳои мулоқотро мусбат арзёбӣ карданд. Котиби давлатии ИМА Марко Рубио гуфт, ки мавзуи мулоқоти президентҳо дар ҳафтаи оянда кушода боқӣ мемонад, аммо роҳбарон метавонанд дар ду рӯзи оянда бо ҳам тилфонӣ сӯҳбат кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь