Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, мулоқоти қарибулвуқӯъ бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Аляска ҳам барои Маскав ва ҳам барои Вашингтон муҳим аст.
“Ин барои мо танҳо ба он маъно муҳим аст, ки мо ҳаёти бисёрро наҷот медиҳем”, гуфт сарвари давлати ИМА дар брифинг.
Ҷаноби Трамп афзуд, ки мақомоти ИМА агар битавонанд ба поёни ҷанг дар Украина ноил шаванд, “хеле хушҳол хоҳанд буд”. Ба андешаи ӯ, Владимир Путин ва президенти Украина Владимир Зеленский метавонанд роҳи ҳалли низоъро пайдо кунанд. Раисҷумҳури Амрико иқрор шуд, ки музокирот дар Анкориҷ метавонад барои мулоқоти оянда дар бораи Украина замина гузорад.
Музокироти раисҷумҳури Русия ва Амрико имрӯз, 15 август дар пойгоҳи низомии Элмендорф-Ричардсон дар Анкориҷ баргузор мешавад. Масъалаи танзим дар Украина мавзӯи марказии мулоқот хоҳад буд.