“Сӯҳбат ба зудӣ сурат мегирад. Дар давоми чанд рӯзи оянда, ” – гуфтааст Президенти ИМА. Ӯ илова кард, ки 8 ва 9 сентябр роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ба кохи Сафед меоянд, то масъалаи сулҳи Руссия ва Украинаро муҳокима кунанд.
Дар шарҳи бузургтарин ҳамлаи Руссия ба Украина, ки шаби 7 сентябр сурат гирифт Трамп изҳор дошт, ки “аз ҳама чизҳои марбут ба ин ҷанг қаноатманд нест”. Вай инчунин тасдиқ кард, ки омода аст ба “марҳилаи дуюм” – и таҳримҳо нисбати Руссия гузарад.
CNN
Блоки рекламавӣ



