Баробар бо сафари Доналд Трамп ба Бритониё чаҳор нафар барои партофтани тасвири Трамп ва таҷовузгари маъруф Ҷеффри Эпштейн ба қаср боздошт шуданд
Ин аксҳо шаби сешанбе, вақте ки Трамп ба Лондон омад, дар девори қаср пайдо шуданд.
Қалъаи “Виндзор” ҷойест, ки шоҳи Бритониё бояд Президент ва бонуи аввали Иёлоти Муттаҳидаро қабул бояд кунад.
Полиси водии Темз хабар додааст, ки чор нафарро бо гумони харобкорӣ дастгир шудаанд: “Мо ба ҳама гуна амалҳои ғайриқонунӣ хеле ҷиддӣ муносибат мекунем” – гуфтааст сардори полис.”
Пайвастани номи Трамп ва Ҷеффри Эпштейн пас аз интишори паёме, ки гуиё аз номи Трамп навишта шудааст, сар шуд.Ин моҷаро дубора ба сархани расонаҳо баргашт. Трамп гуфта буд, ки ин паёми зодрӯзро на навиштааст ва на фиристодааст.
Блоки рекламавӣ



