Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки рӯзноманигор Такер Карлсон дигар ба ҳаракати MAGA (Make America Great Again) тааллуқ надорад. Дар ин бора ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори Abc News Ҷонатан Карл гуфт.
“Такер гумроҳ шуд. Ман инро кайҳо фаҳмидам, вай тарафдори МАГА нест. MAGA кишвари моро наҷот медиҳад. MAGA кишвари моро боз бузург мекунад. МАГА пеш аз ҳама Амрико аст ва Такер пеши он ҳиҷ кас нест ва Такер воқеан барои фаҳмидани он ақл надорад ” – гуфт Трамп.
The New York Times навиштааст, ки Такер Карлсон яке аз катмарин ҷонибдори наздики президенти ИМА буд, ки дар сӯҳбат бо ӯ зидди ҳамла ба Эрон буд. Тибқи иттилои нашрия, Карлсон дар моҳи феврал се маротиба бо Трамп дар Кохи Сафед мулоқот кард ва кӯшиш кард, ки ӯро аз ҳамла ба Эрон боздорад. Вай ба президент дар бораи хатарҳо барои кормандони низомии амрикоӣ, нархи нерӯи барқ ва шарикони ИМА дар минтақа дар сурати ҷанг бо Эрон нақл кард.
Дар посух, Трамп изҳор дошт, ки аз хатарҳо огоҳ аст, аммо ба Карлсон гуфт, ки ба ҷуз ҳамроҳ шудан ба зарбае, ки Исроил хоҳад зад, илоҷи дигаре надорад.
Чанде пас Аз оғози ҳамла ба Эрон, Карлсон ин амалҳоро “комилан нафратовар ва бадкорона” номид. Вай инчунин пешниҳод кард, ки ин ба “тақсимоти қувваҳо” дар ҳаракати MAGA таъсири назаррас мерасонад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь