Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико роҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистонро барои ширкат дар нишасти “Осиёи Марказӣ – Амрико” (С5+1) даъват намуд.
Ин ҷаласа рӯзи 6-уми ноябр дар пойтахти Амрико, шаҳри Вашингтон доир мешавад.
Ин дуюмин нишаст дар қолаби “С5+1” хоҳад аст. Нахустин нишаст соли 2023 дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид дар Ню-Йорк бо ҳузури раҳбарони Осиёи Марказӣ ва Ҷо Байден, Президенти собиқи Амрико доир шуда буд.
Амрико бо ёдоварё аз даҳсолагии қолаби дипломатии “C5+1” гуфтааст, ки қасд дорад ҳамкориҳои худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равнақ диҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь