Президенти Има Доналд Трамп 22 сентябр фармон дод, ки ҳаракати “Антифа” ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф карда шавад.
Дар фармон гуфта мешавад, ки “Антифа” дар амалиети зӯроварӣ алайҳи полис ва мақомоти давлатӣ иштирок мекунад, бетартибиҳо ташкил менамояд, ба кормандони хадамоти муҳоҷират ҳамла месозад ва ба мақомоти сиесӣ таҳдид анҷом медиҳад.
“Бо сабаби модели дар боло зикршудаи зӯроварии сиёсӣ, ки ба саркӯб кардани фаъолияти қонунии сиёсӣ ва вайрон кардани волоияти қонун равона шудааст, ман “Антифа” – ро ташкилоти террористии дохилӣ эълон мекунам”, – гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Рӯзномаи The Wall Street Journal хабар дод, ки дар туфангчае, ки сиёсатмадори консервативии амрикоӣ Чарли Киркро кушта буданд, тирҳо бо шиори “Антифа” ёфт шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь