ИМА барои оғози амалиёти низомии заминӣ дар Венесуэла омодагӣ мегирад.
Чӣ тавре Oxu.Az бо истинод ба “Коммерсантъ” навиштааст, Президенти ИМА Доналд Трамп дар ҷаласае, ки ба баррасии натиҷаҳои миёнаи “ҷанг бо картелҳои маводи мухаддир”аз ҷониби Кохи Сафед бахшида шуда буд, изҳор дошт.
“Минбаъд амалиёти заминӣ хоҳад буд”.
ИМА аз аввали моҳи сентябр ба киштиҳое, ки тибқи маълумоти Хадамоти иктишофии Амрико маводи мухаддир интиқол медиҳанд, зарба мезанад.11 октябр Пентагон эълон кард, ки бо супориши Президенти ИМА Доналд Трамп як бахши махсуси мубориза бо картелҳо дар Амрикои Лотинӣ таъсис дода мешавад. Пештар Раиси Департаменти Давлатӣ Марко Рубио гуфта буд, ки Вашингтон танҳо бар зидди кортелҳои маводи мухаддир қувва истифода хоҳад кард, аммо на бар зидди ягон давлати Амрикои лотинӣ. Дар ҳамин ҳол, расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки Пентагон омода аст барои амалисозии ҳадафҳояш ба қаламрави Венесуэла ҳамла кунад. Президенти ин кишвар Николас Мадуро бар ин назар аст, ки амрикоиҳо мехоҳанд ҷангро оғоз кунанд, то дар Венесуэла режими духтакмонандро таъсис диҳанд.

Трамп амалиёти низомии заминӣ ба зидди Венесуэларо эълон кард
Блоки рекламавӣ


