Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди соҳаи варзиш, ба футбол машғул шудани ҷавонону наврасон дар деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ додаанд.
Ҳамчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми соҳибкорону сокинон дар деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳр мактаби нав бунёд мегардад. Ин иқдоми некро сокинони деҳа бо иттиҳоду сарҷамъӣ пеша намуда, дар заминаи муассисаи таълимии №115 бинои наву замонавии мактаби деҳаашонро бунёд месозанд.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зимни суҳбат бо сокинон барои ташаббусҳои неки мардуми деҳаи Нурафшон изҳори миннатдорӣ намуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь