Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ шуд.
Намои берунии иншоот бо шаклу услуби хоси меъмории миллӣ тарҳрезӣ гардидааст. Ин ошхона бо ташаббуси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Толятии Федератсияи Русия сохта, ба истифода дода шуд.
Дар ошхона навъҳои зиёди таомҳои миллии тоҷикӣ омода ва ба мизоҷон пешниҳод мегарданд.
Масъулини ошхона нақша доранд, ки дар ин макон барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла шоми шеъру суруд, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва рӯзҳои миллии таомҳо баргузор намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь