Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии солона гуфтааст, ки Тоҷикистон барои аз феҳрасти таҳримҳо берун овардани “Спитамебонк”, “Душанбе Сити” ва “Коммерсбонк” талош дорад. Ин таҳримҳоро Шӯрои Аврупо ҷорӣ кардааст ва дар пайванд ба ҷанги Русия дар Украина:
“Барои поин овардани хавфҳо ва пешгирӣ аз таҳримҳо чанд дафъа бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо мулоқот кардем ва баррасии масъала идома дорад. Мехоҳем ё намехоҳем, чунин таҳримҳо ба бонкҳо таъсир мегузоранд”.
Таҳримҳои Шӯрои Аврупо алайҳи “Душанбе Сити”, “Спитаменбонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” рӯзи 12-уми ноябри соли 2025 ба иҷро даромад. Далели ин қарор “ёрӣ ба Русия” гуфта шуд, ки “вазъро дар Украина бесубот мекунад”.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори нигаронии амиқ намуд.
Томаш Востовски, мушовири роҳбурдии ИА дар мавриди муқаррарот гуфт, “ширкатҳои тоҷикистонӣ ба феҳрасти сиёҳи таҳримҳо бо он асос ворид карда шуданд, ки дар амалиёти аз дидгоҳи Иттиҳоди Аврупо мамнӯи бонкӣ мусоидат кардаанд.”

Толибзода: Барои халосии се бонк аз таҳрим талош мекунем
Блоки рекламавӣ


