Гурӯҳи террористии Толибон радиои “Насим” дар вилояти Дойкундии Афғонистонро ба далели “хандидан”-и хабарнигораш муваққатан бастаанд. Тибқи иттилои расонаҳо, як хабарнигори ин радио дар ҷараёни сабти барнома дар ҳузури масъулони гурӯҳи Толибон механдад ва онҳо ба ин далел ӯро боздошт намуда, фаъолияти радиоро маҳдуд кардаанд.
Ризо Ваҳидӣ, муассиси ин радио дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки рӯзи 6-уми август ду хабарнигор ва мудири масъули радио – Султон Ҷаводӣ, Сафиуллоҳ Ризоӣ ва Муҷтабо Қосимӣ аз сӯи гурӯҳи Толибон баъди он боздошт шуданд, ки як хабарнигори радио дар вақти салом додан ба ҳамкорон дар Идораи сарҳадот ва қавмҳои вилояти Дойкундӣ механдад. Ризо Ваҳидӣ гуфт, ки хабарнигори ин радио бо дархости ҳамин идора барои таҳияи гузориш рафта буд, вале масъулони истихбороти гурӯҳи террористии Толибон дар он ҷо ҳузур доштанд ва ӯро ба далели хандидан боздошт карданд. Ӯро дастбанд зада, ба мошин мешинонанд ва барои ибрат дар чанд шаҳр гардонда, баъдан ба идораи амнияти вилоят мебаранд. Гурӯҳи террористии Толибон бо ин қаноат накарда, ба дафтари радио мераванд ва таҷҳизоти онро бо баҳонаи тафтиш мусодира карда ва пахши барномаҳоро мутаваққиф мекунанд. Дар пайи он Султоналӣ Ҷаводӣ ва Муҷтабо Қосимӣ низ боздошт шудаанд. Ризо Ваҳидӣ мегӯяд, масъулони гурӯҳи террористии Толибон дертар гуфтаанд, ки сабаби боздошту фишор нашри гузорише дар радио аст, ки дар он аз қавли Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳузури ДОИШ дар Афғонистон матлаб навиштаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин гузориш моҳҳо қабл нашр шуда буд ва на фақат аз ҷониби радиои “Насим”, бал аз ҷониби чандин расонаи дигар низ интишор ёфта буд. Гурӯҳи террористии Толибон се хабарнигори ин радиоро шаби гузашта бо замонат аз зиндон озод намуда, аммо фаъолияти радиоро манъ кардаанд. Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи террористии Толибон фаъолияти расонаҳоро дар Афғонистон маҳдуд кардаанд. Онҳо хабарнигоронро боздошт мекунанд ва фаъолияти расонаҳоро маҳдуд менамоянд. Dialog.tj