“Намояндагони ҳаракати “Толибон”(мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон иттилоъро дар бораи пурра нобуд кардани муҷассамаи шоир Алишер Навоӣ дар шаҳри Мазори Шариф тасдиқ карданд. Онҳо аз ин вазъ изҳори таассуф карданд ва ваъда доданд, ки ба шоир ҳайкали нав мегузоранд” – хабар додааст Аҳрор Бурҳонов, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Ӯзбекистон.
Чанд рӯз пеш дар расонаҳои Афғонистон маълумот нашр шуд, ки ҳайкали Алишер Навоӣ, ки 17 сол пеш дар Мазори Шариф гузошта шуда буд, хароб шудааст. Дар гузашта он қисман осеб дида буд, аммо ҳоло пурра нобуд карда шудааст. Амали Толибон боиси хашми омӯзгорон ва сиесатмадорони ӯзбек дар Афғонистон шуд. Ба гуфтаи онҳо, Толибон натанҳо ба арзишҳои маънавии дигар гурӯҳҳои этникӣ ва дороиҳои таърихии инсоният аҳамият намедиҳанд, балки дар асл ба “таҳоруфи” ҳуввияти фарҳангӣ ва таърихии кишвар машғуланд.
Ин хабар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистонро водор кард то барои шарҳи вазъ ба Толибон муроҷиат кунад. Ҳукумати Толибон шарҳ дод, ки муҷассама аз ҷониби мақомоти шаҳр вайрон карда шудааст, зеро гуё ҷои гузоштани муҷассама барои шоир мувофиқ нест. Тавре намояндагони ҳаракати Толибон таъкид карданд, барҳам додани иншоот бе мувофиқа бо Вазорати фарҳанг ва иттилооти Афғонистон ва ҷомеа гузаронида шудаанд.
Дар баробари ин, Толибон ба давлати ҳамсоя итминон доданд, ки Алишер Навоӣ натанҳо барои Ӯзбекистон, балки барои мардуми Афғонистон низ аҳамияти муҳим дорад. Дар робита ба ин, дар бораи бунёди муҷассамаи нави шоир ва мутафаккир дар Мазори Шариф, дар бораи гузоштани номи ӯ ба маҳалле, ки дар он маҷмааи ёдгорӣ насб карда мешавад, эълон карда шуд.
21 август Оҷонсии иттилоотии Nova24.uz бо истинод ба расонаҳои Афғонистон хабар дода буд, ки дар Мазори Шариф маросими оғози сохтмони муҷассамаи Алишер Навоӣ оғоз шуд. Дар чорабинӣ намояндагони маъмурияти маҳаллӣ ва кормандони консулгарии генералии Ӯзбекистон иштирок карданд. Қайд карда мешавад, ки пас аз гузоштани санги аввалини рамзӣ барои бунёди ёдгории оянда, ҳозирин намози дастаҷамъӣ хонданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь