Дар видеое, ки телевизиони миллии таҳти назорати Толибон ҳафтаи гузашта нашр кард, Мавлавӣ Абдулкабир, вазири муҳоҷирати Толибон дар нишасте бо ҳузури қабиласолорон дар вилоятҳои Хӯст, Пактиё ва Пактико дар ноҳияи Думандаи вилояти Хӯст мегӯяд, бояд ҷилави касоне гирифта шавад, ки Толибонро танқид мекунанд.
Ӯ мегӯяд: “Иморот ва миллат шариконашонро қурбонӣ доданд ва ин низоми амну исломӣ эҷод шудааст. Ин низом шарикӣ аст ва бо ҳам онро муҳофизат мекунем. Ба ҳеч кас на дар кӯҳ, на дар ҳамворӣ ва на дар кӯча иҷоза намедиҳем, ки як калима ба зидди имороти исломӣ бигӯяд. Агар касе мушкил дорад, мардонавор сӯҳбат кунад.”
Аз ин пештар Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон, бо судури як фармон дар аввали моҳи январ танқиди мардум ва расонаҳо аз мақомҳои Толибонро мамнуъ эълон кард. Ӯ дар ин фармон ҳушдор додааст, ки онҳое, ки фармонашро иҷро намекунанд, бо бархӯрди сахт рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
*Толибон ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь