6-7 декабри соли 2025 дар шаҳри Токиои Ҷопон мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо «Tokyo Grand Slam 2025» баргузор мешавад.
То имрӯз барои иштирок дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 327 ҷудочӣ аз 44 давлати ҷаҳон номнавис шудаанд. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 6 паҳлавон: Обид Ҷебов ва Мусанниф Миробов дар вазни то 66 кг, Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 81 кг, Мизробшо Лоиқов дар вазни то 90 кг ва Муҳсин Малаев дар вазни то 100 кг иштирок мекунанд.
Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизаи молӣ тақдим мегардад.
Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Ғолибони ҷойи якум 1000 имтиёз, ҷойи дуюм 700 имтиёз ва ҷойи сеюм 500 имтиёз мегиранд.

«Tokyo Grand Slam 2025»: Кӣ ширкат мекунад?
Блоки рекламавӣ


