19 декабр дар шаҳри Токио мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Мотеги Тосимитсу баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд, дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва дигар масъалаҳои мубрами байналмилалии қобили таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз натиҷаи мулоқот Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь